Китоби Муқаддас
Аҳди Нав
Тарҷумаи маънои ва оммафаҳм
Донишкадаи тарҷумаи Китоби Муқаддас
2021
Сарсухан
Хонандагони гиромӣ! Китобе, ки дар даст доред, яъне Аҳди Нави Китоби Муқаддас таърихи Исои
Масеҳ ва имондорони аввалине мебошад, ки барои пайравӣ ба Исои Масеҳ ва таълимоти Ӯ якҷоя ҷамъ мешуданд. Ин воқеаҳо тақрибан ду ҳазор сол пеш дар Шарқи Наздик ва кишварҳои гирди баҳри Миёназамин (кишварҳои имрӯзаи Исроил, Фаластин, Урдун, Лубнон, Сурия, Туркия, Кипр, Юнон, Малта ва Италия) рӯй додаанд.
Исои Масеҳ тақрибан ду ҳазор сол пеш дар замини Исроил зиндагӣ кардааст. Ӯ аз насли ҳазрати Иброҳим, шоҳ Довуд ва дигар пайғамбарон буд. Таваллуд, ҳаёт ва хизмати Ӯ иҷрошавии чандин пешгӯйиҳои пайғамбарон буд. Китобҳои муқаддаси Таврот, Забур ва Китоби Пайғамбарон, ки чандин асрҳо пеш аз таваллуди Исои Масеҳ навишта шуда буданд, омадани Ӯро пешгӯйӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки Масеҳ на насаби Исо, балки унвони Ӯ буд. «Масеҳ» аз калимаи ибрии מָשִׁיחַ Машиах гирифта шуда, маънояш «таъиншуда» ё «интихобшуда» аст. Ин унвон маънои онро дорад, ки Исо Интихобшудаи махсуси Худо буда, барои иҷро кардани хости Худо, қурбон шудан барои гуноҳҳои одамон ва ба назди Худо овардани онҳо омада буд.
Аҳди Нави Китоби Муқаддас аз якчанд китобҳо иборат аст, ки муаллифони гуногун дорад, лекин ҳамзамон ҳамаашон бо якдигар ҳамфикр ҳастанд. Худо ба ҳар яке аз ин муаллифон илҳом бахшидааст, ки суханони Ӯро бинависанд. (
2-юм Тимотиюс 3:16 «Тамоми
навиштаҷот аз нафаси Худо баромадааст»).
Чор китоби аввал Матто, Марқус, Луқо ва Юҳанно дар бораи ҳаёт, таълимот ва азобҳои Исои Масеҳ аз нуқтаи назари шоҳидони аслӣ нақл мекунанд.
Китоби навбатӣ Корномаи
Фиристодагон дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ гуна одамон ба Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо будани Исо имон оварданд, чӣ гуна онҳо якҷоя ҳамчун
ҷамоати имондорон ҷамъ мешуданд ва чӣ гуна ҷамоати имондорон дар мамлакатҳои гуногун пайдо шуда, шуморааш меафзуд.
Баъд аз Корномаи Фиристодагон мактубҳо меоянд. Ин мактубҳоро баъзе аз фиристодагони Масеҳ ба ҷамоатҳои гуногуни имондорон ва шахсони алоҳида фиристодаанд. Аксарияти ин мактубҳоро Павлус навиштааст, лекин Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Яҳудо низ ба қатори мактубнависон дохил мешаванд. Мактубҳо дар бораи Худо, Исои Масеҳ, гуноҳи мо ва ба воситаи қурбонии Исо барқарор шудани муносибати одамон бо Худо таълимоти бисёр муҳимро дар бар мегиранд. Инчунин дар мактубҳо нишон дода шудааст, ки чӣ гуна шахс метавонад дар пеши Худо ҳаёти ахлоқӣ ва дуруст дошта бошад.
Китоби охирини Аҳди Нав китоби Ошкорсозӣ аст, ки дар бораи оянда мебошад. Ин китоб ба мо нақл мекунад, ки чӣ гуна Исои Масеҳ дар оянда бармегардад, чӣ тавр Худо одамони бадро ҷазои абадӣ медиҳад ва чӣ гуна онҳоеро, ки ба Исои Масеҳ имон оварданд, мукофоти абадӣ медиҳад ва чӣ гуна осмон ва замини нав меофарад.
Матни аслии Аҳди Нав ба забони юнонӣ навишта шуда буд, ки забони байналмиллалии ҳамон давра ҳисоб мешуд. Китобҳои Аҳди Нав дар асри 1-ум навишта шуда буданд, яъне даҳ ё шаст сол баъд аз ҳаёти заминии Исои Масеҳ муаллифони аслӣ китобҳояшонро дар лӯлапечҳо дастнавис карда буданд. Бо гузашти вақт лӯлапечҳо нусхабардорӣ мешуданд. То имрӯз ҳазорҳо дастнависҳои онҳо дар осорхонаю китобхонаҳо ва донишгоҳҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ин рӯ мо боварӣ дорем, ки ин дастнависҳо дар бораи Исои Масеҳ ва ҷамоати аввалини имондорон сабти дақиқ мебошанд. Тарҷумаи мазкур ба забони тоҷикӣ, ки дар дасти шумост, бо матнҳои қадими юнонӣ муқоиса ва тафтиш карда шудаанд. Ин тарҷумаро гурӯҳи нависандагон ва забоншиносони тоҷик, коршиносони байналмиллалии илоҳиётшиносӣ ва донандагони забони юнонӣ дар давоми тақрибан бист сол тарҷума кардаанд.
Дастаи тарҷумонони Аҳди Нави Китоби Муқаддас ХУШХАБАРИ
МАТТО
Пешгуфтор
Воқеаҳои ин китоб дар асри якуми милодӣ дар вилоятҳои Яҳудия, Сомария ва Ҷалил (Исроил ва Фаластини ҳозира) рӯй додаанд.
Яҳудиён насли пайғамбар Иброҳим буданд ва чанд аср пеш аз ин онҳо давлати мустақил доштанд. Вале дар асри якум сарзамини Яҳудия дар зери итоати
шоҳаншоҳии Рум буд. Дар он вақт яҳудиён аз рӯйи пешгӯйиҳои қадим интизори Масеҳ, яъне
Таъиншудаи Худо буданд. Ӯ бояд аз насли шоҳ Довуд меомад. Онҳо умед доштанд, ки
Масеҳ онҳоро аз зери итоати румиён раҳо мекунад.
Муаллифи ин китоб Матто, яке аз дувоздаҳ шогирдони Исои Масеҳ мебошад, ки ҳаёт ва фаъолияти устоди худро ҳамчун шоҳиди зинда рӯйи варақ овардааст. Ӯ аз Рӯҳи Худо илҳом гирифта, ин китобро дар нимаи дуюми асри якум навиштааст, то нишон диҳад, ки Исои Масеҳ, дар ҳақиқат, ҳамон Таъиншудаи Худо аст. Муаллиф аз китобҳои пайғамбарони гузашта чанд иқтибос оварда, исбот кардааст, ки дар ҳаёти Исои Масеҳ пешгӯйиҳо ба амал омадаанд.
Исои Масеҳ дар таълимоташ ибораи «
Подшоҳии Худо»-ро бисёр истифода бурдааст. «Подшоҳии Худо» ин муносибат байни Худо ва халқи Ӯ мебошад ва дар он Худо ба шоҳ монанд карда шудааст. Зеро Ӯ халқашро муҳофизат мекунад ва ҳамаи эҳтиёҷоташонро бартараф намуда, онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Халқи Подшоҳии Худо онҳое ҳастанд, ки ба Ӯ такя мекунанду гуфтаҳояшро иҷро менамоянд. Дар ҳар ҷое, ки одамон Худоро ҳамчун Подшоҳи худ мешиносанд, Подшоҳии Худо дар он ҷо аст.
Таълимоти Исо дар ҳамаи давру замонҳо на фақат ба яҳудиён, балки ба тамоми халқҳои дигар дахл дорад. Ӯ дар бораи бисёр мавзӯъҳои ҳаётӣ, масалан, ҷангу ҷидол, пул, талоқ, садақа ва рӯза сухан гуфтааст. Инчунин, Масеҳ муъҷизаҳо бузург нишон медод ва беморонро шифо мебахшид. Бобҳои охири китоби Матто марг ва аз мурдагон зинда шудани Масеҳро тасвир мекунанд. Ӯ Худ гуфтааст, ки мақсади асосии омадани Ӯ ин буд: «Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам» (
20:28).